Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири ояндаи Туркия чӣ касест?


Биналӣ Йилдирим рӯзи 19-уми май номзад ба мақоми раиси Ҳизби адолат ва тавсиа интихоб шуд.
Биналӣ Йилдирим рӯзи 19-уми май номзад ба мақоми раиси Ҳизби адолат ва тавсиа интихоб шуд.

Яке аз дӯстони деринаи Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури Туркия, нахуствазири ояндаи кишвар мешавад, вале қудрати нахуствазири пешинаро нахоҳад дошт.

Ҳизби ҳокими адолат ва тавсиаи Туркия рӯзи 19-уми май Биналӣ Йилдирим, вазири нақлиёт ва мухобиротро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҳизб интихоб кард. Дар Туркия маъмулан раиси ҳизби умдаи сиёсӣ дар порлумон, нахуствазир интихоб мешавад ва ҳукуматро раҳбарӣ мекунад.

Биналӣ Йилдирим акнун ҷойгузини Аҳмад Довудоғлу мешавад, ки ӯ аввали ҳамин моҳ ҳам аз мақоми нахуствазир ва ҳам аз мақоми раиси Ҳизби адолат ва тавсиа истеъфо дод. Нахуствазири ояндаи Туркия факултаи киштисозӣ ва улуми баҳрии Донишгоҳи техникии Истанбулро хатм карда ва ҳангоми кор дар кишварҳои скандинавӣ таҷриба андӯхтааст. Ӯ баъди онки ба бандару роҳҳои баҳрии шаҳри Истанбул рӯ овард, ин соҳаи муҳими шаҳри бузургро беҳтар кард ва обрӯву эътибораш дар байни мардум зиёд шуд.

Биналӣ Йилдирим 22 сол мешавад, ки “рафиқи наздики” раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ва дар гузашта шарҳдори Истанбул аст. Ҳамчунин аз муассисони Ҳизби адолат ва тавсия мебошад, ки онро Раҷаб Тайиб Эрдӯғон соли 2001 таъсис додааст. Биналӣ Йилдирим соли 2002 баъд аз онки ҳизби мазкур дар интихоботи порлумонии соли 2002 пирӯз шуд, вазири нақлиёт таъйин шуд. Ӯ иҷрои даҳҳо тарҳҳои роҳсозӣ ва нақлиёт, аз ҷумла сохтмони пули нав дар болои гулӯгоҳи Босфорро раҳбарӣ кардааст. Аммо садамаи маргбори қатор дар соли 2004 сабаб шуд, ки мухолифон истеъфои ӯро талаб кунанд.

Номи Биналӣ Йилдирим ва додарарӯсаш дар ҷанҷоли беобрӯкунандаи ришвахорӣ дар соли 2013 зикр шудааст, ки дар он замон баъзе аз додситонҳо сарсахтӣ нишон доданд ва ба зидди баъзе аз мақомотип Ҳизби адолат ва тавсиа ва хешовандони онҳо парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Баъди халос хӯрдан аз ин ҷанҷол, ҳукумат коре кард, ки баъзе аз додистонҳо худашон боздошт шуданд ва баррасии парвандаҳои бозкардаашонро ҳам қатъ карданд.

Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ва Ҳизби адолат ва тавсиа моҷарои ришвахориро “фитнаи ҳукумати пинҳонӣ” ба раҳбарии Фатҳулло Гулен, як рӯҳонии табъидии турк номид, ки ҳоло дар Амрико зиндагӣ мекунад.

Марди миллиондолларӣ

Камол Киличдароғлу, раиси ҳизби мухолифи Сотсиал-демократи Туркия соли 2014 Биналӣ Йилдиримро “марди миллион долларӣ” номида ӯро ба он муттаҳам кард, ки аз ҳисоби тендерҳои ҳукуматӣ барои Ҳизби адолат ва тавсиа пул ҷамъ мекунад. Ба гуфтаи Киличдароғлу, Биналӣ Йилдирим дар фурӯши як телевизион ва як рӯзномаи маъруф дар Туркия нақш дошт, ки аз ҳисоби он 630 миллион доллар ба даст омад. Додситонҳо баъдан гуфтанд, ки ин пулҳо ғайриқонунӣ ба даст омадаанд, зеро барои сармоягузории тарҳҳое харҷ шудаанд, ки Ҳизби адолат ва тавсиа ва раҳбарони он мудирият мекарданд.

Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ва ҳукуматаш ин иддаоро рад кардаанд. Биналӣ Йилдирим дар Туркия, ки соли 2012 амалан ба низоми раёсати ҷумҳурӣ гузашт, дуввумин нахуствазири кишвар мешавад. Чанд сол аст, ки Эрдӯғон барои ба “низоми иҷроияи президентӣ” гузаштан талош дорад, ки зарурат ба нахуствазирро аз байн мебарад ва ба раиси ҷумҳур салоҳиятҳои зиёде медиҳад.

Аммо барои гузаштан ба чунин низом раъйпурсӣ сурат бигирад ва аз се ду ҳиссаи раъйдиҳандагон онро тарафдорӣ кунанд. Бо вуҷуди он ки Ҳизби адолат ва тавсиа дар интихоботҳои гузашта на камтар аз 50 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст, вале ин рақам ҳам барои ислоҳот дар Қонуни асосӣ ва тағйир додани низоми ҳукумат кофӣ нест.

Новобаста аз онки мухолифатҳои мардумӣ ба барномаи Эрдӯғон зиёдтар мешавад, вале ба ӯ муяссар шудааст, ки амалан низоми раёсати ҷумҳуриро дар Туркия ба роҳ монад, чун дар бисёре аз тасмимҳои муҳимро ӯ мегирад ва ҳукумату нахуствазир онҳоро иҷро мекунанд.

Аз ин рӯ метавон гуфт, Биналӣ Йилдимир мисли нахуствазири пешини Туркия Аҳмад Довудоғлу дар ҳукумат ҳарфи ниҳоиро намезанад. Баръакс Раҷаб Тайиб Эрдӯғон ҳамчунон фарди асосӣ мемонад, ки қарорҳои муҳимро қабул ва Туркияро идора мекунад.

XS
SM
MD
LG