Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои соҳибкор бар зидди рӯзноманигор исбот нашуд


Думан Серикбоев, додраси Додгоҳи шаҳри Павлодори Қазоқистон рӯзноманигори маҳаллӣ Александр Барановро, ки дар туҳмат кардани соҳибкоре айбдор мешуд, пурра сафед кардааст.

Вакили дифои Баранов дар мурофиаи додгоҳӣ нусхаи навиштаи "фитнаангез"-и зерҳимояашро дар Фейсбук ҳамчун далел напазируфта, аз ҷониби даъвогар хостааст, барои исботи воқеӣ будани он далелҳои ҳуқуқӣ пешниҳод кунад.

Парвандаи ҷиноӣ зидди ин рӯзноманигор бо даъвои раиси пешини ширкати "Нефтехим LTD" Ерлан Кусанов боз шуда буд. Кусанов даъво мекард, ки ин рӯзноманигор бо истифода аз ВАО ӯро таҳқир кардааст. Раиси пешини ширкати "Нефтехим LTD" аз Баранов 10 миллион танга зарари моддӣ талаб намуда буд.

"Ман аслан ҳукми дигареро интизор доштам ва барои баъдан нороҳат нашудан ба вазъи бадтар омодагӣ медидам. Вале ҳоло хурсанд ҳастам, ки кор ба ин шакл анҷом ёфт. Ба назари ман додрас қарори дурусту одилона қабул кард. Зеро ҷониби даъвогар натавонист далелҳои муътамад пешниҳод кунад ва гуноҳи мо ҳам исбот нашуда буд", - гуфтааст рӯзноманигор Александр Баранов ҳангоми берун шудан аз додгоҳ.

XS
SM
MD
LG