Марзбонони Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт ва ҷарима кардаанд. Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ин шаҳрванди тоҷик шоми 9 май дар минтақаи Қайрағочи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд бо рамаи бузу гӯсфандонаш дастгир шуд. Маълум шудааст, ки ӯ ҳангоми чаро додани рама ин мард нодониста вориди марзи Қирғизистон шудааст. Ӯро баъди ҷарима бастан ба марзбонони Тоҷикистон супурдаанд. Минтақаи Қайрағоч бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст.