Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Полтава барои Иван Мазеп ёдгорӣ гузоштанд


Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина ёдгориеро барои абадӣ сохтани хотираи саркардаи миллии украинҳо Иван Мазеп дар Полтава боз кард ва онро рӯйдоди дорои “аҳамияти умумимиллӣ” номид.

Вай дар маросими гушоиши ин ёдгорӣ гуфт, “империя рангҳои сиёҳро намехост, вале ин сабаб шуд, ки Мазеп ба рамзи муқовиматҳои мардуми Украина бар зидди Русия ва ба парчами ҷунбишҳо ва истиқлоли мо табдил ёбад”.

Порошенко гуфт, Украина саранҷом аз воруна ҷилва додани рӯйдодҳои таърихӣ раҳо хоҳад шуд. Тасаввурро дар бораи баръакс нишон додани рӯйдодҳои таърихӣ аз берун ба Украина таҳмил мекарданд.

Ин муҷассамаро моҳи октябри соли 2015 дар рӯзи Ҳимоят аз Ватан аз шаҳри Киев ба Полтава оварда буданд. Вазни ин ёдгорӣ, ки аз биринҷӣ сохта шудааст, 2,5 тонна мебошад ва баландиаш 3 метру 20 сантиметрро ташкил медиҳад. Арзиши он 2 миллион гривна аст.

XS
SM
MD
LG