Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвили мегӯяд, дар Одесса иғвое дар роҳ аст


Михаил Саакашвили, раиси вилояти Одессаи Украина мегӯяд, 2 май дар ин вилоят "душманони дохиливу хориҷӣ"-и Украина иғвое баргузор мекунанд. "Маълумоти аниқе, ки аз Хадамоти амнияти Украина ва дигар ниҳодҳо гирифтаем, нигаронкунандае аст", - гуфт Саакашвили рӯзи якшанбе.

Ба гуфтаи вай, ба ҷуз аз душманони хориҷӣ, ба ин иғво "фасодкорон ва мафиозҳои маҳаллӣ"-е, ки бо Москва робита доранд, ҳавасманданд. Саакашвили ҳамчунин аз сиёсатмадорони украинӣ хост, ки солгарди фоҷиаи 2 майи соли 2014-ро ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода набаранд. "Мо, албатта, наметавонем инро манъ кунем: дар кишвари мо озодии баён ҳукмфармост. Аммо ин ба виҷдони онҳо вобаста аст", - гуфт губернатор.

Дар ҳамин ҳол, вай гуфт, ба мақомоти қудратӣ дастур надодааст, ки ҳангоми сар задани низоъ аз силоҳ истифода баранд.

2 майи соли 2014 дар Одесса миёни ширкатдорони роҳпаймоии "Барои ваҳдати Украина" ва мухолифони Майдон задухурд рух дод. Дар натиҷаи ин бетартибиҳо дар Хонаи иттифоқҳо сухтор сар зад ва зиёда аз 40 кас ҳалок гардид.

XS
SM
MD
LG