Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар Тоҷикистон "Хонаи афсарон" сохт


Рӯзи 5 май бинои панҷошёнаи “Хонаи афсарон” дар маркази Душанбе ба истифода дода хоҳад шуд. Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 2 май бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфтанд, ки “Хонаи афсарон”, ёрии билоивази Вазорати дифои Чин ба Вазорати дифои Тоҷикистон будааст.

Сохтмони бинои “Хонаи афсарон”, воқеъ дар рӯ ба рӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, дар чорчуби ҳамкориҳои ин вазорат бо вазорати дифои Чин дар соли 2012 оғоз шуда буд.

6 июни соли 2012 Шералӣ Хайруллоев, вазири вақти дифои Тоҷикистон ва Чэн Бинде, сардори Ситоди кулли Артиши мардумии озодихоҳи Чин дар маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони бинои “Хонаи афсарон” дар маркази пойтахт иштирок карда буданд. Он замон эълон шуда буд, ки сохтмони иншоотро ширкати чинӣ ба ӯҳда гирифта, барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 200 бинокор ҷалб мешаванд, ки 80 дарсади онҳоро шаҳрвандони Чин ташкил хоҳанд дод.

Қарор буд, “Хонаи афсарон” пас аз якуним сол ба истифода дода шавад. Барои сохтмон ва таъмини он бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ Чин ба унвони грант ё кумаки билоиваз маблағи 100 миллион юан, муодили 15 миллион доллар харҷ кардааст.

Зимнан, "Хонаи афсарон", маҷмааи фароғатӣ-табобатӣ буда, бо сармояи Чин дар доираи ҳамкориҳои низомии ин кишвар бо Тоҷикистон бунёд мешавад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирфтани бинои “Хонаи афсарон”-и Вазорати дифои Тоҷикистон дар ҳолест, ки қаблан дар маркази шаҳри Душанбе “Хонаи афсарон” ё “Дом офицеров” мутааллиқ ба пойгоҳи низомии 201-и Русия воқеъ буд.

Аммо пас аз бозсозӣ ва тарки макон кардани пойгоҳи низомии 201 – Русия аз маркази шаҳр ба канори Душанбе “Хонаи афсарон” –и низомиёни рус низ аз марказ берун бурда шуд.

XS
SM
MD
LG