Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Назарбоев ба эътирозгарон


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон изҳор дошт, касоне, ки бо пахши хабарҳои дурӯғ дар бораи фурӯши замин тартиботи ҷамъиятиро халалдор мекунанд, ба муҷозот кашонда мешаванд.

Вай зимни суханронии худ дар Анҷумани мардумони Қазоқистон 26 апрел гуфт, “ононе, ки хабарҳои дурӯғро дар бораи пешнависи қарори ҳукумат пахш мекунанд ва мегӯянд, ки замин ба хориҷиён фурӯхта мешавад, бояд боздошт ва ба муҷозот кашонда шаванд”.

Ин изҳороти Назарбоев ду рӯз пас аз раҳпаймоии дастикам 1000 нафар сокинони шаҳри Атирау садо дод. Эътирозгарон бар зидди тасмими ҳукумат роҷеъ ба фурӯхтани замин дар ҳарроҷӣ ё ауксион, ки бояд аз 1 июл шуруъ шавад, раҳпаймоӣ анҷом доданд.

Тазоҳургарон мегӯянд, ки замин бояд хусусӣ карда нашавад. Онҳо бештар аз ин сару садоҳо ба ғазаб омадаанд, ки гӯё замин ба хориҷиҳо фурӯхта мешавад.

Аммо Назарбоев мегӯяд, ки заминҳои ҷамъиятӣ ба хориҷиён фурӯхта намешавад.

XS
SM
MD
LG