Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Меркел дар Ҳановер мулоқот карданд


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе, 24 апрел, вориди Олмон шуд. Қарор аст, ки ӯ рӯзи душанбе ҳамроҳ бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар ифтитоҳи намоишгоҳи саноатии Ҳановер ширкат кунад. Баъд аз вуруд ба Ҳановер Обама ва Меркел мулоқот карданд ва дар поёни он нишасти хабарии муштарак доир намуданд. Онҳо ба муҳим будани ҳамкории ИМА ва Олмон дар ҳалли мушкили муҳоҷират ҳамроҳ бо дигар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва ширкаткунандагони музокироти Женева оид ба ҳали низоъ дар Сурия таъктд намуданд. Ба гуфтаи хонум Меркел, мушкили муҳоҷират дар Аврупо - асосан паёмади низоъ дар Сурия аст.

Қарор аст, ки рӯзи 25 апрел Барак Обама, Ангела Меркел раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳалланд, нахуствазири Италия Маттео Рентсӣ ва нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон дар як нишасти вижа рӯи ҷузъиёти созиши нави тиҷорати озод миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида тамаркӯз кунанд.

Бо ташриф ба Олмон сафари шашрӯзаи Барак Обама, ки ҳадафҳояш таҳкими равобит бо ҳампаймонҳо дар мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ҷилавгирӣ аз таҷовузи Русия дар Украина ва мусоидат ба рушди тиҷорати байнулмилалӣ арзёбӣ шудааст, поён меёбад.

Қабл аз вуруд ба Берлин ва дар поёни сафари расмияш дар Лондон, Барак Обама аз кишварҳои ғарбӣ хост, ки фишор болои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро идома диҳанд. Ӯ дар як суханронӣ рӯзи 24 апрел гуфт, “Давлати исломӣ” бояд ба тадриҷ аз қаламрави ишғолкардаш ва ҳамчунин аз ду такягоҳаш – шаҳрҳои Мовсили Ироқ ва Раққаҳи Сурия берун карда шавад.

Обама ҳамчунин таъкид кард, ки истифодаи нерӯи пиёдагарди Амрико, Бритониё ва дигар кишварҳои ғарбӣ барои сарнагун кардани раисиҷумҳури Сурия Башор Асад иштибоҳ мебуд, ба ҷойи ин бояд болои кишварҳое чун Русияву Эрон фишор овард, то ба интиқоли қудрати сиёсӣ дар Сурия муваффақ шуд.

XS
SM
MD
LG