Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи порагирии як мансабдори Суғд


Кормандони Оҷонсии зидди фасоди вилояти Суғд алайҳи сармутахаcсиси раёсати вилоятии вазорати адлияи Тоҷикистон оид ба сабти созмонҳои ҷамъиятӣ Дилафрӯз Тоҷибоеваро бар асоси қисми аввали моддаи 319-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок дигар, молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ) парванда боз шудааст.

Як манбаъ дар Оҷонсии зидди фасоди вилояти Суғд рӯзи 7 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Дилафрӯз Тоҷибоева ҳангоми гирифтани ришва аз як сокини вилоят боздошт шудааст ва парвандаи ӯ таҳти тафтишот қарор дорад. Бино ба тафтиши муқаддамотӣ, ин мақоми вазорати адлия ба гирифтани маблағи бештар аз 200 доллар гумонбар мешавад. Дилафрӯз Тоҷибоева дар боздошт қарор надорад, балки ба шарти тарк накардани маҳалли зисташ то анҷоми тафтишот дар озодӣ ба сар мебарад.

XS
SM
MD
LG