Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 май бунёди "CASA-1000" оғоз хоҳад ёфт


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, рӯзи 12 майи соли ҷорӣ татбиқи тарҳи СASA-1000, ки интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад, оғоз хоҳад ёфт. Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон, ба хабаргузории “Ховар” гуфтааст, кишвар ҳар сол дар фасли тобистон нерӯи барқи бештар тавлид мекунад ва имкони содироти 3 миллиард киловат соат нерӯи барқ ба хориҷа вуҷуд дорад.

Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки Аврупоии сармоягузорӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои саҳмгузорӣ дар бунёди хатти интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон изҳори омодагӣ кардаанд. Қарор аст, дар маросими оғози иҷрои ин тарҳ сарони чаҳор кишвар низ иштирок бикунанд.

Дар назар аст, дар марҳилаи аввали бунёди CASA-1000 хатти интиқоли нерӯи барқи 500-киловаттӣ аз Даткаи Қирғизистон то Хуҷанди Тоҷикистон сохта ва системаи энержии ин ду кишварро ба ҳам пайваст кунад. Сипас, аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва тавассути ин кишвар ба шаҳри Пешовари Покистон хатти интиқоли нерӯи барқ бунёд хоҳад шуд. Арзиши умумии тарҳи CASA-1000 ҳудуди 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG