Теъдоди муҳоҷироне, ки аз тариқи Туркия вориди Юнон мешаванд, коҳиш меёбад. Мақомоти Юнон рӯзи 6 апрел гуфтанд, ки тайи як шабонарӯзи ахир ба кишвар ҳамагӣ 68 муҳоҷир ворид шудааст, дар ҳоле, ки як рӯз пеш шумораи онҳо 225 нафар буд.
Аммо ҳанӯз маълум нест, ки коҳиши вуруди муҳоҷирон ба Юнон бо тасмими бозгардони паноҳандагон ба Туркия бастагӣ дорад ё хайр. Рӯзи 4 апрел ду киштии мусофирбари туркӣ бо 202 муҳоҷир аз бандари шаҳри Лесбоси Юнон берун шуд ва ба шаҳри Дикилии вилояти Измир расид. Муҳоҷирони истирдодшуда охири соли гузашта ғайриқонунӣ вориди ҷазираҳои Лесбос ва Хиоси Юнон шуда буданд.
Бо истирдоди нахустин гурӯҳи муҳоҷирон татбиқи созиш миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Туркия дар бораи бозгардони муҳоҷирони ғайриқонунӣ тавассути хоки Туркия ба Аврупо омада ва иваз кардани онҳо ба паноҳандагони воқеъӣ аз Сурия оғоз ёфт. Табдили муҳоҷирони ғайриқонунӣ бо паноҳандагони воқеъӣ аз рӯи принсипи “як нафар ба ивази як нафар” сурат мегирад.
Муҳоҷирони истирдодшуда, ки асосан шаҳрвандони Покистон ва Бангладешанд, ба қисмати ғарбии Туркия фиристода мешаванд.
Мақомоти Юнон мегӯянд, айни ҳол дар кишвар тақрибан 53 ҳазор муҳоҷирони тавассути Туркия омада ба сар мебаранд.