Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қазоқистон мегӯяд, бо айби мақомот ду хонаводаро - дар Қарағанда ва Алмаато хатари кӯчонидан таҳдид мекунад.
Дар изҳороте, ки ваколатдор нашр кардааст, гуфта мешавад, хонаводаи Карипбековҳо аз Қарағанда ва хонаводаи Коржинбоевҳо аз Алмаато бо айби "мансабдорони алоҳида" дар рӯ ба рӯи хатари кӯчонидан қарор доранд.
Ба хонаводаи Карипбековҳо мақомоти маҳаллӣ соли 2012 хона доданд, аммо ҳуҷҷатҳои хонаро надодаанд. Дар соли 2015 ҳамин мақомот барои кӯчонидани Карипбековҳо ба додгоҳ муроҷиат карданд. Додгоҳ қарор кард, ки ин хонавода кӯчонида шавад, аммо ба онҳо манзили дигар пешниҳод гардад. Масъалаи таъмини Карипбековҳо бо манзили дигар дар ҳоли ҳозир ҳал нашудааст, мегӯяд ваколатдори ҳуқуқи инсон.
Хонаводаи Коржинбековҳо низ дар соли 2010 соҳиби манзили зист шуданд. Модари хонавода Светлана Тургумбоева дар соли 2012 ва баъдтар падари хонавода - Зейш Коржинбоев фавтиданд. 9 узви боқимондаи ин оиларо хатари кӯч бастан таҳдид мекунад.
"Рушан аст, ки ду ҳолати дар боло зикр шуда дар натиҷаи амал ва қарорҳои мансабдорони алоҳида рух додааст. Ба иловаи ин, иштибоҳи мансабдорон набояд ба зиёни шаҳрвандон анҷом шавад", - омадааст дар изҳороти ваколатдори ҳуқуқи инсони Қазоқистон.