“Раҳпаймоӣ алайҳи тарс”, ки қарор буд рӯзи якшанбе, 27 март дар Брюссел баргузор шавад, бо даъвати мақомоти Белгия мавқуф гузошта шуд. Интизор мерафт, ки дар ин ҳамоиш дасти кам даҳ ҳазор нафар ширкат кунанд. Созмондиҳандагон мехостанд, раҳпаймоӣ баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе дар майдони марказии Рlace de La Bourse шурӯъ шавад, ки чанд рӯз боз ба макони таҷаммӯъи мардум барои поси хотири қурбониён табдил шудааст.
"Раҳпаймоӣ алайҳи тарс" – ибтикори Парлумони Аврупо буд ва дар он бояд ёди қурбониён гиромӣ дошта мешуд. Он ҳамчунин бояд собит мекард, ки мардуми Белгия аз терроризм тарсе надоранд.
Вале муовини нахуствазир, вазири умури дохилии Белгия Ян Ямбон ва шаҳрдор ё бургомистри Брюссел Иван Майер аз мардум даъват карданд, ки баргузории раҳпаймоиро барои чанд ҳафта мавқуф гузоранд, зеро айни ҳол истифодаи нерӯи полис барои таъмини амният ва тафтиши ҳамлаҳои Брюссел муҳимтар аст. Ян Ямбон рӯзи 26 март гуфт, "мо то ҳол дар дараҷаи саввуми таҳдиди хатар дар сартосари кишвар қарор дорем. Ҳоло тафтишот ва тафтишоти муҳим идома дорад ва барои ин ва барои ҳифзи тартибот нерӯи полис дар сартосари кишвар заруур аст.
Дар ҳоле, ки созмондиҳандагони “Раҳпаймоӣ алайҳи тарс” ба ин даъват гӯш доданд ва аз шаҳрвандон хостанд, ки ба Брюссел наоянд, зеро раҳпаймоӣ мавқуф гузошта шудааст, гурӯҳҳои нажодпарастии Белгия хостанд "ибтикорро ба даст гиранд". Ба иттилои хабаргузории France-Presse, баъди он, ки издиҳоми иборат аз тақрибан 200 нафари сиёҳпӯш бо шиорҳои нажодпарастона ва зидди муҳоҷирон ба майдон наздик мешуд, полис маҷбур шуд бо онҳо вориди бархӯрд шавад ва алайҳи онҳо аз мошинҳои обпош истифода кунад. Чандин нафар боздошт шуданд.
Дар ҳамин ҳол рейдҳову кофтукобҳо дар чаҳорчӯби тафтиши таркиҳш дар фурудгоҳ ва метрои Брюссел идома дорад. Ба иттилои полис, рӯзи якшанбе боз чаҳор нафари гумонбар дар даст доштан дар ин ҳодисаҳо датгир шуданд.
Дар вилояти Салерно, воқеъ дар ҷануби Италия, марде боздошт шуд, ки дар тайёр кардани санадҳои тақаллубӣ барои ширкаткунандагони ҳамлаҳои террористӣ дар Париж ва Брюссел гумонбар мешавад.
Хабаргузориҳо навиштаанд, ки мақомоти Белгия санади ҳабси боздоштшуда – зодаи Алҷазоир Ҷамолиддин Уалиро имзо карданд ва ӯ ба зудӣ аз Италия ба Брюссел истирдод мешавад.
Дар чаҳорчӯби тафтиши таркишҳо дар фурудгоҳ ва метрои шаҳри Брюссел, ки рӯзи 22 март рӯй доданд, дар Белгия, Фаронса ва Олмон 12 нафар боздошт шудаанд. Дар худи Брюссел рӯзи 25 март се нафар ба дасти полис уфтоданд, ки дар халтаи якеи онҳо, ба иттилои телевизиони давлатии Белгия, маводи тарканда ошкор карда шуд.
Бар асари ҳамлаҳои маргталабона дар фурудгоҳ ва метрои пойтахти Белгия рӯзи 22 март 31 нафар ҷон бохта, тақрибан 270 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт. Мақомоти амниятии Белгия ҳуввияти ду нафар аз маргталабон – Наҷим Лашрӯӣ ва Иброҳим Бакраиро муқаррар карданд, ки худро дар фурудгоҳи Завентеми Брюссел тарконида буданд. Маргталаби сеюм - бародари Иброҳим Холид худро дар истгоҳи метрои Маелбек инфиҷор карда буд.
Додситонии Белгия рӯзи шанбе се нафари дар ҳамлаҳои Брюссел дастдошта, аз ҷумла, Файсал Шифоиро дар терроризм айбдор намуд. Гуфта мешавад, ки Файзал Шафоӣ ҳамроҳ бо Наҷим Лашрӯӣ ва Иброҳим Бакраӣ дар фурудгоҳи Брюссел буд ва баъд аз таркишҳо аз он ҷо фирор кард. Кормандони полис манзили ӯро кофтукоб карданд, вале он ҷо ягон хел силоҳ ё маводи тарканда пайдо нашудааст.
Дар ҳамин ҳол фурудгоҳи шаҳри Брюссел то рӯзи 29 март баста хоҳад буд. Дар ин бора масъулин рӯзи шанбе дар як изҳорот аз тариқи сомонаи интернетии фурудгоҳ хабар дода, онро бо андешидани чораҳои нави амниятӣ баъд аз ҳамлаҳои маргбор дар Брюссел рабт доданд. Гуфта мешавад, ки ҳоло гурӯҳи маҳдуди муҳандисон ва кормандони фаннӣ дар дохили фурудгоҳанд то кори системи фановариҳои технологӣ, миқёси хисороти воридшуда ва мӯҳлати таъмири терминалро муқаррар кунанд.
Салом. Бародарони тоҷик шумо фақат бо забони русси ин калимаро дар (гугл ё яндекс) КАРТА ПЕРСИДСКОЕ ЦАРСТВО сирт (поик) кунед мебинед, ҳақиқати заминро, ки аз хитой ҳаст ё форсҳо.
Маълум мешавад ки ин давлат не дар дорад не дарвоза бо сархадбонаш. Чи хел мешавад ки шахси ки нисбаташ додгох хукм баровардааст ґайб мезанад , ин нозири минтакавии ки додрас зиндаги мекард чи кор мекунад ки гумонбар ґайб задааст.?
офарин сад офарин хеч гох нагузоред мардум ки ин кавми аъчучу маъчуч сарзамини азизи моро ки аз тули касрхо аз ачдодонамон мондааст гасб кунанд!бо хам биеед!махалгарои накунед!мо дируза чанги бародаркуширо набояд такрор кунем ки 200хазор нафар мардуми Ватанамон фавтиданд !афсус афсус!точикистон ба пеш!
Чи гунае агар таьрихро таьрихнигорон тоб диханд Осие миена ва худуди Точикистони имруза ва шарки он ва Афгонистону Покистону Хиндустони шимоли асло худиди Чинихо набуданд ва Чинихо танхо рохи тичоратро пеш гирифта буданду аз лашкаркаши метарсиданд ба ин худудхои ва пеш аз ислом низ асло фикри Осиеи Миенаиро намекардан ва аз Сосониену Кушониен метарсиданд ва агар дар Шарки дур ва Аврупо гуломхо сиехтан буданд пас дар Худуди Сосониену Хакони Турк аслан гулому канизакхои Форсу Эрони ва Турку Сосониву Кушони чини табор буданд зеро занхои Чинихо Аслан зебошакл ва модел буданд ба кавли имруза, ки хар як хонадону точику турку форс як тои канизи чини доштанд ва хатто арабхо ончунон мафтуни сохиб шудани гелмон (чинси наринаи чиние, ки аз мардинаги ба хотири гуломи даст кашида буданд)ва канизи чини буданд, ки ба хотири ин ва танхо ин, ба мулки Сосони хучум карданд танхо бо хотири ба даст овврдани гулому канизи чини ... Ва он нафарони беномусе, ки модаронни худро раккосаи чини меноманд бояд инро донанд... Ва аз ин сабаб пеш аз ислом Империяи Тани Сугди шакле, ки аслан аз сарчашмаашон мардони Форсу Турк буданд ташкил ефт ва ба хотири ирси хешу табори, ва тичорати гуломфурушии чини ба гарбу шарки дур рохи Осиеи Миенаро пеш гирифтанд на ба хотири ба даст овардани ин худудхо Ин матолиб аслан матолиби тахкири нест ва хадаф танхо нишон додани таьрихи ин минтакааст ва умед аз РО он аст ки инро чоп кунанду фаромушгарони таьрихи худ аккалан андакхам бошад бубинад ва ягон мазмуни сиеси ин матолиб надорад... Ва дар гузаштаву хозираву оянда мо сохибони гарби Чину Осиеи Миена ва Шарки дур хастем на ачнабиен хатто арабхову хиндухо хуни Форсу Точики ва Сугдиву Турки доранд Чи расад ба Чини Бостониву Чини пуркувати имруза яьне фарзандони Чини фарзандони мо низ хастанд, ба мисли оне, ки Аврупои шарки Ориеи начоданд чинихо низ Ориеи ва куриеи хастанд...
бисер мавзуи мухимро устод думболагири кардед ,мавзуи руз ,мавзуи гуфтани то хамаги бидонанд ки точикхо миллати аслии ин макону манзил,хитои агар таммадун мебуд хеч вакт мору каждум намехурд