Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хурӯҷи нерӯҳои Узбакистон аз Чала-Сарт


Узбакистон низомиён ва зиреҳпӯшҳои худро аз қитъаи баҳсталаби марз бо Қирғизистон берун кард. Аз Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки хурӯҷи нерӯҳо субҳи шанбе, 26 март, баъд аз мулоқоти мақомоти ду кишвар сурат гирифт. Мулоқот бо ибтикори Тошканд баргузор шуда буд.

Бишкек мегӯяд, ки Узбакистон рӯзи 18 март якҷониба ва бидуни машварат бо Қирғизистон низомиён ва зиреҳпӯшу мошинҳои ҳарбии худро дар қитъаи баҳсталаби марзии Чала-Сарт ҷойгир кард. Ин тасмим Қирғизистонро водор сохт, ки бо фиристодани неру ҳимояти он минтақаи марзро тақвият диҳад. Аз нигоҳи Бишкек, Чала-Сарт, ки дар марзи вилоятҳои Ҷалолободи Қирғизистон ва Намангони Узбакистон ҷойгир шудааст, аз замони Шӯравӣ қаламрави Қирғизистон маҳсуб мешавад ва Узбакистон ҳаққи ишғоли онро надорад.

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон рӯзи 24 март изҳор намуд, ки агар қазияи Чала-Сарт зуд ҳал нашавад, дар нишасти навбатии сарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) дар Тошканд ширкат нахоҳад кард.

Узбакистону Қирғизистон 1314 километр марзи муштарак доранд, ки бахши аъзами он аломатгузорӣ нашудааст ва ин вазъ бисёр вақт боиси низоъҳо дар сарҳади миёни ду кишвар мегардад.

XS
SM
MD
LG