Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи Сафорати Тоҷикистон дар Абу Забӣ


Дар ҷараёни дидори расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Аморати Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Абу Забӣ бинои нави Сафорати ин кишвар ифтитоҳ шуд.

Бино ба гузориши торнамои president.tj, бинои хуштарҳу бошукуҳи Сафорати Тоҷикистон аз 3 ошёна ва утоқҳои барҳаво иборат мебошад. Дари даромадгоҳ ва пешайвон бо нақшу нигори миллӣ аз ҷониби устоҳои гулдасти тоҷик - ҷавонони ҳунарманд ороиш дода шудааст.

Дар назар аст, дар паҳлуи бинои сафорат як иморати дигари дуошёна бо шароити мусоиди зист барои кормандон бунёд хоҳад шуд.

Дар ҷараёни дидори Президент Раҳмон аз АМА миёни ин ду кишвар 12 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, варзишу саёҳат, амният ва дин имзо шуд.

Пас аз поёни музокирот ва имзои санадҳои ҳамкорӣ изҳороти муштараки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби Президенти давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Аморот, Ҳокими шаҳри Дубай, Вазири мудофиа Шайх Муҳаммад бин Рашид Оли Мактум оид ба густариши ҳамкории шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб қабул гардид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG