Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи нерӯҳои Русия аз Сурия идома дорад


Вазорати дифои Русия рӯзи 16 март хабар дод, ки боз як гурӯҳ аз ҳавопаймоҳои ҷангии кишвар, аз ҷумла, ҳавопаймои боркаши ИЛ-76 ва ҳавопаймоҳои СУ-25 Сурияро тарк намуданд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба нерӯҳои мусаллаҳи кишвар амр кард, ки аз 15 март ба тадриҷ аз ин кишвари арабӣ хориҷ шаванд. Аввалин ҳавопаймоҳои ҷангӣ рӯзи сешанбе ба Русия баргаштанд.

Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоиву кайҳонии Русия Виктор Бондарев рӯзи 15 март изҳор намуд, ки барои торумори гурӯҳҳои террористӣ нерӯи артиши Сурия, Эътилофи байнулмилалӣ ва мухолифин кофӣ аст.

Амалиёти низомии Русия дар Сурия рӯзи 30 октябри соли гузашта шурӯъ шуда буд. Русия дар Сурия беш аз 50 ҳавопаймои низомиву чархбол ва як гурӯҳи маҳдуди нируҳои заминӣ дорад, ки ин техникаи низомиро нигаҳбонӣ мекунанд. Як гурӯҳ аз онҳо ба Русия баргаштанд.

Намояндаи Кохи Сафед Ҷош Эрнест тасдиқ кард, ки ихроҷи нерӯҳои Русия аз Сурия шурӯъ шудааст. Ӯ бо такя ба иттилои Пентагон гуфт, ки алҳол фақат чанд ҳавопаймои русӣ Сурияро тарк намудааст ва ҳанӯз маълум нест, ки ин гоми Маскав ба авзоъ дар Сурия чӣ таъсир хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG