Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиён ҳавопаймои низомии ҳукуматро заданд


Шӯришиёни Сурия ҳавопаймои низомии нируҳои ҳукуматиро дар ғарби кишвар сарнагун сохтанд. Дар ин бора хабаргузории Ройтерз бо такя ба сарчашмаҳои худ дар дохили ин нируҳо гузориш додаанд.

Дар бораи сарнагун сохтани ин ҳавопаймо бо мушак ё тӯпи дифои зидди ҳавоӣ хабарҳои зидду нақиз нашр шудаанд. Як манбаи низомии Сурия мегӯяд, шӯришиён ҳангоме ба сӯи ҳавопаймо оташ кушодаанд, ки он дар вилояти Ҳамо ба фуруд омодагӣ мегирифт. Ин манбаъ задани ҳавопайморо нақзи оташбас арзёбӣ кард.

Ҷайш ал Наср-гурӯҳи тундраве, ки дар ин минтақа фаъолият мекунад, иддао кардааст, ки ин ҳавопайморо бо мушаки дифои ҳавоӣ задааст.

Маркази нозирони ҳуқуқи башари Сурия дафтараш дар Британия мегӯяд, ки шӯришиён ин ҳавопайморо бо ду мушаки ба гармӣ ҳидоятшаванда задаанд.

XS
SM
MD
LG