Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руслан Чагаев унвони худро аз даст дод


Руслан Чагаев бо Рамазон Қодиров
Руслан Чагаев бо Рамазон Қодиров

Руслан Чагаев-муштзани Узбакистон ва қаҳрамони ҷаҳон дар даври 10-уми мусобиқа бо Лукас Бравн-муштзани Австралия нокаут гирифт ва унвони қаҳрамониро аз даст дод.

Ин бозӣ 6 март дар шаҳри Грознй-пойтахти Чеченистон баргузор шуд ва Бравн бо ин бурд натиҷаи рекордӣ ба даст овард ва акнун вай дар ҳамаи 24 мусобиқа пируз шудааст, яъне ҳисоби бозиҳояш24-0 мебошад.

Рамазон Қодиров, ки аз муддатҳо ба ин сӯ ҳаводори Чагаев мебошад, мизбонии ин мусобиқаро бар дӯш дошт. Чагаев 4 март дар як мошини муҷаллали гаронбаҳо дар иҳотаи посбонои мусаллаҳи чечен ба мусобиқа омад.

Чагаев унвони Ассотсиатсияи Бокси Ҷаҳониро соли 2014 ба Владимир Кличко бохт. Вай дар соли 2011 низ бозиро ба Александр Поветкин-муштзани Русия бохта буд.

XS
SM
MD
LG