Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент ҳавошиносонро аз кор ронд


Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи ҳукуматии рӯзи 4 март раиси Кумитаи миллии обуҳавошиносии он кишварро сабукдӯш кард, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллии Туркманистон.

Дар маҷлиси ахири ҳукуматӣ Бердимуҳаммадов Ботур Халлиев ва муовинашро барои "камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолият" сабукдӯш кардааст.

"Бо ҳадафи беҳтар кардани кори Кумитаи миллии обу ҳавошиносӣ мо бинои нав сохтем, ёрии молӣ расонидем, таҷҳизоти лозимӣ харидем. Ботур Халлиев қавл дода буд, ки баъди ин обу ҳаворо дақиқан пешгӯӣ мекунанд. Аммо, сарфи назар аз ҳамаи ин, вақтҳои охир нодурустии пешгӯии обу ҳаво бештар шудааст", - навиштаанд расонаҳо аз қавли Бердимуҳаммадов.

Ба гуфтаи президенти Туркманистон, ин ғалатҳо ба кори деҳқонон таъсири манфӣ мерасонанд, кори нақлиёт ва чорабиниҳои фарҳангии оммавиро халалдор мекунанд, ба одамон нороҳатӣ ва зарари молии маънавӣ меоранд.

Ботур Халлиев аз соли 2010 ба ин сӯ роҳбари кумита буд. Бегенч Муминов ӯро дар ин вазифа иваз кард.

XS
SM
MD
LG