Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии НАТО аз ҳузури бештари Русия дар Сурия


НАТО мегӯяд, дар маҷмуъ оташбас дар Сурия риоя мешавад, аммо ҳузури рӯзафзуни нерӯҳои Русия дар ин кишвар нигаронкунанда аст.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг рӯзи душанбе дар Қувайт гуфт, Русия гуруҳҳои заминиро тақвият медиҳад, ҳузури низомиашро дар қисмати шарқии баҳри Миёназамин меафзояд ва ба чанде аз ноҳияҳои Сурия зарбаҳои ҳавоиро идома медиҳад.

Мухолифони Сурия мегӯянд, оташбасе, ки 27 феврал эълон шуд, ҳанӯз шуруъ нашуда ба шикаст рӯ ба рӯ гардид. Асад аз-Зубӣ, раиси Кумитаи олии музокирот дар мусоҳиба бо телевизиони "Ал-Арабия ал-Ҳадод" гуфт, Димишқ амалиёти зидди шӯришгаронро қатъ накардааст ва барои оташбас аслан замина муҳайё нагардида буд.

Фаронса талаб дорад, ки "ҳарчӣ зудтар" Гуруҳи байналмилалии ҳимоят аз Сурия зери роҳбарии СММ ҷамъ шавад ва мавридҳои бешумори вайроншавии оташбасро баррасӣ кунад.

Русия дар навбати худ мегӯяд, оташбас ҳарчанд бо душворӣ, вале риоят мешавад. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия хабар дод. Вай аз ҳамкорони байналмилалии Русия даъват кард, ки ҳангоми баёни назарҳояшон аз эҳтиёт кор гиранд ва Русияро дар вайроншавии оташбаси Сурия айбдор накунанд.

XS
SM
MD
LG