Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бори дигар хостори бастани Гуантанамо шуд


Барак Обама
Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз аъзои Конгресс хост, ки ба барномаи пешниҳодкардаи вай дар бораи бастани боздоштгоҳи Гуантанамо баҳои “одилона”диҳанд.

Вай рӯзи сешанбе зимни суханони зуд дар Кохи Сафед хоритнишон сохт, ки намехоҳад ин масъалаи ҳалнашударо ба раиси ҷумҳури оянда боқӣ гузорад. Обама мақоми раёсати ҷумҳуриро соли 2017 тарк хоҳад кард.

Бар асоси барномаи пешниҳодшуда тақрибан 35 нафар боздоштшудагони Гуантанамо ба кишварҳои дигар дода мешаванд. Камтар аз 60 нафари дигарро аз боздоштгоҳи Гуантанамо ба зиндонҳои дигари қаламрави Амрико мебаранд.

Соли 2008 Барак Обама, вақте ки номзадиашро ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико пешниҳод кард, қавл дод, ки боздоштгоҳи Гуантанаморо дар пойгоҳи худ дар Куба мебандад, вале намояндагони Конгресси Амрико ба пешниҳод дар бораи бурдани боздоштшудагон ба ҷойҳои дигар розӣ нашуданд.

Дар ин боздоштгоҳ ононе нигаҳдорӣ мешаванд, ки ба терроризм муттаҳам шудаанд.

XS
SM
MD
LG