Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Осетияи Шимолӣ аз беморӣ даргузашт


21 феврал дар Осетияи Шимолӣ рӯзи мотам эълон шудааст. Дар он ҷо Темирлан Агузаров-раҳбари ин ҷумҳуриро ба хок супурданд. Маросими видоъ бо Агузаров дар толори театри академии ба номи Тхаспаев дар Владикавказ баргузор шуд. Баъд аз маросими видоъ дар майдони назди театр ҳамоиши мотам анҷом гирифт.

Темирлан Агузаров моҳи сентябри соли 2015 раҳбари Осетияи Шимолӣ таин шуд ва 19 феврал дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав аз бемории пневмания даргузашт. Вай 52 сол дошт.

XS
SM
MD
LG