Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори кӯдак нигаронии сокинонро ба бор овард


Дар деҳаи Бурили вилояти Ҷамбули Қазоқистон куштори писарбачаи ноболиғ нигаронии сокинонро ба бор овард.

Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон хабар медиҳад, ки шаби 15 феврал дар Бурил ҷасади писарбачаи ноболиғ А.С. Дюйсенбек ошкор гашт, ки кушта шудаст.

"Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи қатли фарди баръало ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Гумонбар бо исми К. боздошт ва ба маҳбас интиқол ёфтааст", - хабар медиҳанд мақомоти қудратӣ.

Пулис мегӯяд, ин куштор бар пояи баҳси маишӣ сар задааст.

Пештар сокинони деҳаи Бурил хабар дода буданд, ки роҳи деҳа баста шуда, дар ин деҳа пулиси силоҳбадаст гашту гузор мекунад. Ба гуфтаи сокинон, мардум аз ин ҳодиса ба ташвиш омада, муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд.

Бурил дар наздикии шаҳри Тараз - маркази маъмурии вилояти Ҷамбул ҷойгир аст. Дар деҳаи Бурил асосан қазоқҳо ва наздики 30 дарсад турктаборон зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG