Вилояти Синди Покистон нахустин минтақест, ки ба ҳиндуҳо ҳуқуқ дод, то онҳо арӯсиҳои худро ба таври расмӣ сабти ном кунанд. Намояндагони Маҷлис ё порламони Синди Покистон, ки дар он 3 миллион нафар ҳиндуҳо ба сар мебаранд, 15 феврал дар ин бора қонунеро ба тасвиб расонданд.
Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, бидуни сабти номи арусиҳо занони ҳинду метавонанд ба осонӣ рабуда шаванд, мавриди таҷовуз қарор бигиранд ва занони беваи ҳинду ҳуқуқе надоранд.
Акнун бар асоси қонуни нав ҳиндуҳои болотар аз синни 18 дар вилояти Синд арӯсиҳои худро сабт мекунанд ва зану шавҳари қонунӣ мешаванд.
Вале дар ин қонун моддаҳои зиддунақиз вуҷуд дорад. Агар зан ё шавҳар ба дини дигар гароянд, сабти арӯсии онҳо бекор карда мешавад.