Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

80%-и аҳолии Русия бӯҳронро эътироф мекунанд


Бар асоси назарпурсии Маркази мустақили Лавада аз панҷ чаҳор ҳиссаи шаҳрвандони пурсидашудаи Русия гуфтаанд, ки кишвари онҳо бӯҳрони иқтисодиро аз сар мегузаронад.

Натиҷаҳои ин назарпурсӣ ҳамин ҳафта чоп шуд ва бар асоси он 21 дарсади шаҳрвандони Русия бар ин боваранд, ки бӯҳрони иқтисодӣ дар кишварашон “солҳои зиёд” давом мекунад, вале 23 дарсади дигар гуфтаанд, ки ин бӯҳрон дастикам 2 сол давом хоҳад кард.

47 дарсади назардиҳандагон сабаби ин бӯҳронро поин рафтани нархи маводи сӯхт дар ҷаҳон номидаанд. 27 дарсади дигар таҳримҳои Ғарбро сабаби бӯҳрон медонанд. Вале 26 дарсади дигар масорифи зиёд дар бахшҳои мудофиа ва дафтардорӣ ё корҳои идориро сабаби бӯҳрон хондаанд.

Бештар аз нисфи пурсидашудагон гуфтаанд, ки онҳо масорифи худро барои харидории маводи ғизоӣ ва чизҳои зарурӣ камтар кардаанд.

XS
SM
MD
LG