Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев: куштор дар Майдонро Янукович ташкил кардааст


Виктор Янукович
Виктор Янукович

Додситони кулли Украина Виктор Шокин гуфт, ки раиси ҷумҳури собиқи Украина Виктор Янукович ба ташкили куштор дар Майдон дар моҳи феврали соли 2014 даст дорад.

Шокин ин ҳарфҳоро дар барномаи шабакаи телевизионии украинии “Интер” баён дошт.

Ба гуфтаи вай, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар нисбати Янукович тақрибан анҷом шудааст. Шокин ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки баъд аз анҷоми даргириҳо дар шарқи Украина Виктор Янукович ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Эътирозҳо дар Майдони Киев 21 ноябри соли 2013 баъд аз қатъи имзои созишномаи ҳамгиройӣ бо Иттифоқи Аврупо шурӯъ шуд. Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2014 миёни фаъолони эътирозӣ ва воҳиди вижаи милитсия задухӯрдҳо рух доданд. Ба иттилои вазорати тандурустии Украина, дар ин даргириҳо 105 нафар кушта шуд. Мақомоти феълии Украина Януковичро дар он айбдор карданд, ки вай ба тирзанҳои нишонрас дастур додаст, ки ба сӯйи ширкаткунандагони эътирозҳо тирпарронӣ кунанд. Худи Янукович ин айбҳоро рад мекунад. Пештар дар мусоҳиба бо ВВС вай гуфта буд, масъулияти ҳодисаҳои моҳи феврали соли 2014 дар Киев ба дӯши “тундгароёнест, ки хостанд ҳукуматро ба даст бигиранд”.

Ҳарчанд додситони кулли Украина мегӯяд, таҳқиқи парвандаи куштор дар Майдон анҷом шудааст, вале то ҳол додгоҳ дар ин замина ҳукме содир накардааст.

XS
SM
MD
LG