Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 7313 нашъаманд будааст


Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир мегӯяд, ки соли гузашта дар кишвар 4276 килограм маводи мухаддир мусодира шудааст, ки назар ба як сол қабл бештар мебошад. Шерхон Салимзода, раҳбари тозатаъйини Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки соли гузашта аз тарафи кормандони ин ниҳод панҷ гурӯҳи нашъаҷаллоб ошкор ва безарар шудааст. Вай ҳамчунон афзуд, ки дар саросари кишвар 7313 нашъманд будааст ва шумораи муътодон ба маводи мухаддир дар кишвар рӯ ба афзоиш будааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи муштарак дорад ва ба гуфтаи коршиносон, яке аз масирҳои умдаи интиқоли маводи мухаддир ба кишварҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва ҳамин тавр ба Аврупо, ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG