Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар маркази Ҷакарта ҳафт таркиш рӯй дод


Дар Ҷакарта, пойтахти Индонезӣ, рӯзи 14 январ чанд таркиши бомб рӯй дод ва тирандозӣ сурат гирифт. Ба иттилои полис, бар асари ҳамлаҳо дар чанд минтақа, аз ҷумла, дар қаҳвахонаи Starbucks, ҳафт нафар, аз ҷумла, чаҳор тан аз ҳамлагарон, кушта шуданд.

Бино ба хабарҳо, дар пойтахт дасти кам ҳафт таркиш рӯй додааст ва нерӯҳои амниятӣ бо ҳамлагарон вориди тирандозӣ шудаанд. Гуфта мешавад, миёни ҳамлагарон маргталабҳо низ буданд..

Раисиҷумҳур Ҷоко Видодо гуфт, ки вазъ таҳти назорат қарор дорад ва аз мардум хост то оромиро ҳифз кунанд. "Давлат, кишвар ва мардум набояд аз ҳамлаҳои террористӣ тарсанд ва шикаст хӯранд”, изҳор намуд ӯ.

Масъулияти ҳамлаҳоро ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

Индонезӣ, сернуфустарин кишвари мусалмонии олам аст. Полиси зиддитеррори кишвар моҳҳои ахир дар амалиёти вижа чандин нафарро бо гумони робита бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” боздошт кард.

XS
SM
MD
LG