Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба меҳмонсарои сайёҳон дар Миср


Меҳмонсарои Ҳурғада
Меҳмонсарои Ҳурғада

Дар шаҳри Ҳурғадаи Миср ду нафар ба меҳмонхонаи сайёҳон ҳамла бурдаанд. Бино ба маълумоти мавҷуда, ин ду нафар бо корд ба афроди ин меҳмонхона ҳамла кардаанд.

Як нафар аз ҳамлакунандагон ҳадафи тир қарор гирифтааст ва нафари дуввум захмӣ шудааст. Се нафар аз сайёҳони хориҷӣ низ осеб дидаанд. Бино ба маълумоти пешакӣ, як нафраи онҳо шаҳрванди Олмон ва як нафари дигар шаҳрванди Дания будааст.

Пеш аз ин ҳодиса як гурӯҳи тундравҳои Давлати Исломӣ масъулияти ҳамла ба меҳмонхонаи сайёҳони хориҷӣ дар Қоҳираро бар уҳда гирифта буд. Дар он ҳамла касе осеб надида буд.

XS
SM
MD
LG