Рӯзи гузашта бар асари садамаи автомобилӣ 5 сокини Тоҷикистон ҷон бохтаанд.
Бино ба иттилои торнамои “mvd.tj”, мошини тамғаи “Хундай-Сервӣ”, ронанадаш сокини 27-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти маҳаллаи Деҳнаваки Поёни ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба мошини тамғаи “Хубей” бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мошини “Хундай-Сервӣ” бо се мусофири он, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷароҳати сангин бардошта ва дар маҳалли ҳодиса вафот кардаанд.
Дар ҳодисаи дигар, мошини сокини 58-солаи ноҳияи Варзоб дар кӯчаи Амиршоеви пойтахт зани 57-солаи сокини ин ноҳияро пахш карда ва ин зан дар роҳи интиқол ба бемористон ҷон бохтааст.