Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия гуфт, ки аз Русия маъзарат намехоҳад


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN изҳор намуд, кишвараш барои сарнагунсозии ҳавопаймои низомие, ки ҳарими ҳайоии Туркияро вайрон карда буд, узрхоҳӣ карданӣ нест. "Фикр мекунам, ки ҷониби дигар маъзарат бихоҳад, на мо”, гуфт раҳбари Туркия.

Аз ин пеш Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар як маросим дар Кремл рӯзи 26 ноябр изҳор намуд, ки Туркия барои сарнагун кардани ҳавопаймои низомии Русия маъзарат нахоста, пешниҳоди ҷуброн накардааст ва барои муҷозоти “ҷинояткорон” ваъдае надодааст.

Ба гуфтаи Путин, “ба назар мерасад, ки раҳбарони Туркия дидаву дониста робитаҳои дуҷонибаро вориди бунбаст мекунанд”.

Ҳавопаймои СУ-24-и Русия рӯзи 24 ноябр дар ҳоле ҳадафи мушаки ҳавопаймои туркӣ қарор гирифт, ки, ба иддаои Анкара, дар ҳарими ҳавоии Туркия буд. Яке аз халабонҳо ба ҳалокат расид. Русия мегӯяд, ки туркҳо ҳавопаймои русиро дар ҳарими ҳавои Сурия нобуд кардаанд. Аммо Анкара рӯзи 26 ноябр сабтеро нашр кард, ки дар он халабонҳои турк аз ҳавопаймои СУ-24 батакрор талаб мекунанд то ҳарими ҳавоии Туркияро тарк намояд.

XS
SM
MD
LG