Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО моҷарои СУ-24-ро баррасӣ мекунад


Вазорати дифои Русия хабар дод, ки ҳавопаймои низомии
Су-24 бар асари мушаки ҳавопаймои туркии F-16 ҳангоми бозгашт ба пойгоҳи низомӣ дар Лозиқия суқут кардааст. Низомиёни рус рӯзи 24 ноябр гуфтанд, ки ҳодиса дар фазои Сурия рӯй дод ва ҳавопаймо ҳарими Туркияро халалдор накардааст. Аз ин пеш вазорати вазорати дифои Русия гуфта буд, ки СУ-24 на аз мушаки ҳавопаймои туркӣ, балки “бар асари тири тӯпхона аз замин” ба замин сарозер шудааст.

Аммо ситоди кулли артиши Туркия хабар дод, ки ҳавопаймои русӣ дохили ҳарими ҳавоии кишвар шуд ва ба чанд ҳушдор барои тарки минтақа вокунише накард.

Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия, рӯзи 24 ноябр изҳор намуд, ки кишвараш ҳақаи дифоъ аз марзҳояшро дорад, ба вижа дар ҳоле, ки бо вуҷуди чанд ҳушдор ҳарими ҳавоияш халалдор мешавад. Ӯ афзуд, ки Туркия барои таъмини амнияти кишвар аз ҳама чораҳои зарурӣ кор мегирад. Аз ин пеш Владимир Путин суқути ҳавопаймои ҷангии русии СУ-24-ро "ханҷаре аз пушт" аз сӯи Туркия номид ва ҳушдор дод, ки он барои робитаҳои дуҷониба паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.

Ба иттилои расонаҳои туркӣ, ҳарду халабони рус, ки тавассути парашют худро аз ҳавопаймо берун карда буданд, аз сӯи туркманҳои Сурия кушта шудаанд.

Паймони НАТО бо дархости Туркия дар робита ба ин ҳодиса нишасти оҷил баргузор мекунад. Раҳбари Шӯрои Аврупо Доналд Туск моҷарои суқути ҳавопаймои русиро «лаҳзаи хатарбор» унвон кард.

XS
SM
MD
LG