Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оятуллоҳ Хоманаӣ ва Путин мулоқот карданд


Оятулло Саид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари аъзами Эрон, рӯзи 23 ноябр раисиҷумҳури Русия Владимир Путинро ба ҳузур пазируфт. Владимир Путин ба хотири ширкат дар нишасти сарони кишварҳои содиркунандаи газ вориди Теҳрон шудааст.

Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия ба хабаргузориҳо гуфт, дар ин мулоқот Оятуллоҳ Хоманаӣ ба таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши тиҷорату иқтисод таъкид кард ва изҳор намуд, ки сатҳи феълии ҳамкориҳо мутобиқ ба тавонмандиҳои ҳарду кишвар нестанд.Қарор аст, ки таҳкими ҳамкориҳои иқтисоӣ дар мулоқот Путин ва раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ баҳсу баррасӣ шавад.

Аз ин пеш гуфта мешуд, ки дар меҳвари сӯҳбатҳои Путин ва раҳбарони Эрон - авзоъ дар Сурия хоҳад буд. Теҳрон ва Маскав аз пуштибонҳои асосии режими Башор Асад маҳсуб мешаванд.

Владимир Путин бори дуввум ба Теҳрон меравад – бори аввал ӯ соли 2007 дар ин шаҳр дар нишасти сарони кишварҳои ҳошияи баҳри Хазар ширкат дошт.

Дар нишасти Теҳрон, ки пас аз имзои созиши ҳастаӣ миёни шаш абарқудрати ҷаҳон ва Эрон баргузор мешавад, ҳайатҳои 12 кишвар ҳузур хоҳанд дошт. Ҳамид Ризо Арақӣ, раиси иҷроияи ширкати миллии нафти Эрон изҳори умедворӣ кардааст, ки чаҳор сол баъд аз лағви таҳримҳо содироти солонаи гази Эрон ба тақрибан нисфи содироти гази Русия ба Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2014 баробар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG