Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо марзҳоро таҳким мебахшад


Бернар Казенев
Бернар Казенев

Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар бораи таҳкими назорат дар марзҳои беруна, тақвияти мубориза бо қочоқи силоҳ ва табодули ахбор дар бораи мусофирони ҳавопаймоҳо ба созиш расиданд.

Дар ин бора вазири умури дохилии Фаронса Бернар Казенев рӯзи 20 ноябр баъд аз анҷоми мулоқот бо ҳамтоҳояш дар Брюссел хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, дар музокирот тасмим гирифта шуд, ки ин чораҳо то охири сол татбиқ шаванд.

Музокироти фаврӣ дар Брюссел дар робита ба ҳамлаҳои террористии рӯзи 13 ноябр дар Порис баргузор шуд, ҳамлаҳое, ки дар онҳо 129 нафар кушта шуданд. Аз ин пеш Бернар Казенев изҳор карда буд, ки Аврупо бояд аз хоби ғафлат бархезад ва худро аз таҳдиди террористӣ дифоъ кунад. Ӯ афзуд, ки Фаронса аз дигар кишварҳои аврупоӣ дар бораи вориди қора шудани Абдулҳамид Абеуд, созмондиҳандаи ҳамлаҳо дар Порис иттилоъ нагирифтааст.

Мануэл Веллс, нахуствазири Фаронса, рӯзи 20 ноябр изҳор намуд, бархе аз омилони ҳамлаҳо ба Порис аз бӯҳрони муҳоҷират дар Аврупо истифода бурда, номаълум вориди ин қора шудаанд.

XS
SM
MD
LG