Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 120 кас дар ҳамлаҳои Порис


Полиси Фаронса хабар дод, ки дар асари ҳамлаҳои террористӣ дар пойтахти кишвар - шаҳри Порис дасти кам 120 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Додситони Порис Франсуа Молин ҳам дар сӯҳбати телевизионӣ гуфт, ки теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ 120 нафар аст. Дасти кам 5 нафар аз террористон кушта шуданд ва аммо шояд теъдоди бештари онҳо дар озодӣ бошад, изҳор намуд додситони пойтахти Фаронса.

Ба иттилои хабаргузориҳо ҳамлаҳои террористӣ дар шаш минтақаи Порис, аз ҷумла, дар толори консертии "Батаклан" ва дар канори стадиони пойтахт, ки он ҷо бозии рафиқона миёни дастаҳои Фаронса ва Олмон мегузашт, рӯй доданд. Дар маркази шаҳр ҳам тирандозӣ сурат гирифт. Ба иттилои ахир, дар тирандозӣ дар толори косертӣ 87 нафар ҷон бохтаанд. Чаҳор ҳамлагар, ки бо нидои «Аллоҳ Акбар!» ба тамошобинон ҳамла карда буданд, аз тири полис кушта шуданд.

Ҳамлаҳои шоми ҷумъа мудҳиштарин ҳамлаҳои террористӣ дар таърихи Фаронса мебошанд.

Масъулияти ҳамлаҳоро гурӯҳи «Давлати исломӣ» бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG