Раиси Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия Михаил Федотов изҳор дошт, ки додгоҳ бояд тасмими депорти Зарина Юнусоваро бетағйир монанд ва мӯҳлати ихроҷро ба замоне гузоранд, ки таҳқиқи парвандаи фавти Умаралӣ Назаров ба поён расад.
«Нахуст бояд мушаххас кард, зеро таҳқиқи сабабҳои марг ва ёфтани нафарони айбдор дар ин қазия замоне соддатар аст, ки ҷабрдида ҳамин ҷо қарор дошта бошаду ӯро ҳар лаҳза бозпурсӣ кардан мумкин бошад," изҳор дошт Федотов дар пахши зиндаи барномаи радиои «Эхо Москви» шоми 12 ноябр.
Федотов зикр кард. ки ихроҷи Юнусова аз Русия маънии монеъ шудан ба таҳқиқи парвандаро дорад. Комиссияи Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия ба чунин натиҷа расид, ки пулис далеле барои таҳияи “Санади ошкорсозии кӯдаки партобшуда ва ё гумшуда” дар нисбати Умаралӣ Назаровро надошт.
13 октябр кӯдакро аз модараш ҷудо сохтанд. Модараш дар вайрон кардани қоидаҳои будубош айбдор дониста шуд ва кӯдак баъд аз чанд соат дар бемористон ҷон дод. Волидайни кӯдак бо натоиҷи ташхиси пизишкӣ розӣ нестанд, ки сабаби марги кӯдакро бемории сироятӣ унвон кард.