Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каспаров: Путинро худиҳо барканор мекунанд


Гарри Каспаров
Гарри Каспаров

Гарри Каспаров-мухолифи Кохи Кремли Маскав идомаи ҳокимияти Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русияро бо “ташдиди фишор ба Русия аз хориҷ” иртибот медиҳад. Ҳамзамон Каспаров истисно намедонад, ки мумкин аст Путинро атрофиёнаш аз қудрат барканор кунанд. Ин дар ҳоле рух хоҳад дод, ки агар Путин “заъфият нишон диҳад”.

Каспаров ин суханонро дар мусоҳибае бо "Немецкая волна" изҳор доштааст ва аз ҷумла Путинро ба “сабки мафиозии раҳбарӣ” муттаҳам кардааст.

Гарри Каспаров-қаҳрамони пешини шоҳмоти ҷаҳон аст. Вай дар соли 1985 бар Анатолий Карпов пируз шуд ва унвони ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.

Федератсияи байналмиллалии шоҳмот ё ФИДЕ Каспаровро ду сол аз ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум кард. Он вақт вайро муттаҳам карда буданд, ки барои интихоб ба мақоми раиси ФИДЕ ришва додааст. Баъд аз он раиси Федератсияи байналмиллалии шоҳмот Кирсан Илюмжинов интихоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG