Мишел Обама, хонуми раисиҷумҳури ИМА, ваъда дод, ки Амрико барои мусоидат дар таҳсили 200 ҳазор духтари покистонӣ 70 миллион доллар ҷудо хоҳад кард. Ӯ гуфт, ки ин маблағ барои бунёди мактабҳо, таъмири таҷҳизот ва идрорпулӣ барои духтарони покистонӣ сарф мешавад то онҳо ба ваъда вафо карда, насли ояндаву муваффақи табибону омӯзгорон ва тоҷирон шаванд. "Ин духтарон – духтарони моянд», гуфт Мишел Обама.
Хонуми аввали Амрико дар Вошингтон аз Гулсум Навоз Шариф, завҷаи нахуствазири Покистон ва духтари ӯ Марям Навоз Шариф пазироӣ кард. Марям аз талошҳои Мишел Обама барои мусоидат ба таҳсили духтарон дар сартосари олам ситоиш кард. Ӯ афзуд, ки Обама ба миллионҳо духтарон дар олам илҳом бахшидааст ва духтарони ӯ Малия ва Саша хонум Мишелро беҳтарин намуна барои пайравӣ мехонанд.
Марям Навоз Шариф гуфт, «то он замоне, ки ҳар духтар дар мактаб таҳсил накунад ва то он рӯзе, ки ҳар модар ба фардои беҳтари духтараш мутмаин нашавад, мо оромиш нахоҳем дошт».