Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори собиқи қазоқ ҷаримаи бузург пардохт


Сардори пешини агентии Қазоқистон оид ба танзими кори монополияҳои табиӣ Мурат Оспанов дар ҳаҷми бештар аз миллиард тенге ба давлат ҷарима супорид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии додгоҳи шаҳри Остона. "Маҳкумшуда Оспанов ҳамаи маблағи ҷаримаро супорид. Ба ин тартиб, маҳкумшуда ҳукми судро ба пуррагӣ иҷро кард", - омадааст дар хабар. 13-уми феврали соли ҷорӣ собиқ раиси Агентии танзими монополияи табиӣ аз ҷониби суд дар гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон айбдор дониста шуд. Додгоҳ ҳукм кард, ки аз Оспанов дар ҳаҷми 1 миллиарду 101 миллиону 60 ҳазор тенге (бештар аз 4 миллион доллар) ҷарима ситонида шавад ва ҳамчунин тамоми молу мулкаш мусодира гардад. Ба ҷуз ин, мансабдори собиқ барои 7 сол аз ишғоли мансабҳои давлатӣ маҳрум гашт.

XS
SM
MD
LG