Додгоҳи низомии шаҳри Ростови лаби Дон Хуршедҷон Мӯҳтоҷовро барои ҷалби духтаре аз шаҳри Ставропол ба суфуфи ДОИШ ба муддати 7 сол равонаи зиндон кард.
Хабаргузории “Интерфакс”-и Русия аз қавли масъулони ниҳодҳои қудратӣ хабар додааст, Хуршедҷон Мӯҳтоҷов аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ин духтар ошно шуда ва сипас, пешниҳод кардааст, то бо русуми мусалмонӣ ақди никоҳ банданд. Ин ҷавон қасд доштааст, баъдан бо хонумаш аз тариқи Туркия ба Сурия равад.
Додгоҳ Хуршедҷон Мӯҳтоҷов, шаҳрванди Тоҷикистонро бо моддаҳои “ҳамкорӣ дар фаъолияти террористӣ” ва “нигаҳдорӣ ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир” ба муддати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кардааст.
Зимнан, дар моҳи июли соли ҷорӣ 13 шаҳрванди Русия, аз ҷумла, Варвара Караулова, донишҷӯи Донишгоҳи Маскав, ки қасди пайвастан ба суфуфи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ё ДОИШ-ро доштанд, дар марзи Туркия бо Сурия боздошт шуда буданд.
Бар асоси қавонини Русия фаъолияти ДОИШ дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ аст.