Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза


Исроил мегӯяд, ҳавопаймоҳояш ба “ду таъсисоти аслиҳасозии созмони Ҳамос” дар Навори Ғазза зарба задаанд. Ба гуфтаи артиши Исроил, ҳамлаҳои субҳи 11 октябр посух ба партоби ду мушак аз Ғазза аст, ки дар ҷануби Исроил суқут карданд. Ба гуфтаи табибон, дар ҳамлаи Исроил як зани фаластинӣ бо духтари ҷавонаш кушта шудаанд. Ҳафтаҳост, ки барои вуруд ба зиёратгоҳҳои Байтулмуқаддаси шарқӣ, ки ҳам барои мусулмонон ва ҳам яҳудиён муқаддас аст, ҷанҷолу муноқиша идома дорад. Рӯзи 10-уми октябр маъмурони пулиси Исроил ду ҷавони фаластиниро зимни бархурд дар наздикии Навори Ғазза куштанд. Пештар аз ин ду фаластинии дигар бо корд ба яҳудиён ҳамла карданд ва онҳо ҳам кушта шуданд. Ҷон Керрӣ вазири умури хориҷии Амрико аз авҷ гирифтани хушунат дар Навори Ғазза изҳори нигаронӣ карда ва дар гуфтугуҳои алоҳидаи телефонӣ бо Бенямин Нетаняҳу нахуствазири Исроил ва Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури фаластиниён гуфтааст, ки омода аст, барои ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ кӯмак кунад.

XS
SM
MD
LG