Пайвандҳои дастрасӣ

Башшор Асад амалиёти Сурияро муҳим хонд


Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, мегӯяд, муввафақияти амалиёти низомии Русия, Сурия ва муттаҳидонаш алайҳи гурӯҳи Давлати исломӣ барои ҳифзи Ховари Миёна аз вайронӣ фавқуллода муҳим аст. Башшор Асад дар мусоҳиба бо телевизиони эронии “Хабар” гуфт, муборизаи эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико бар зидди гурӯҳи Давлати исломӣ боиси нооромии бештар дар Сурия ва минтақа мешавад. Баъди оғози ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба зидди ҷангҷӯён дар Сурия дар рӯзи 30-уми сентябр бори аввал аст, ки Башшор Асад дар ин бора сухан мегуяд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия амалиёти Русия дар Сурияро “хатои бузург” номидааст. Русия гуфт, дар зарфи 24 соати гузашта ҳавопаймоҳояш дар Сурия 20 парвоз анҷом дода ва ба 10 камингоҳҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ зарба задаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG