Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори кушташудаҳо дар Қундуз ба 16 расид


Созмони “Табибони бидуни марз” мегӯяд, шумори кушташудаҳо бар асари ҳамлаи ҳавоии шаби гузашта дар бемористони ин созмон дар шаҳри Қундузи Афғонистон ба 16 нафар расид. 9 тани онҳо кормандони бемористон, 4 тан маризони калонсол ва сеи дигар кӯдак будаанд. Бар асари ҳамла бемористон қисман тахриб шудааст. “Табибони бидуни марз” рӯзи 3 октябр гуфт, “мо аз ин ҳамла, ки мунҷар ба ҳалокати кормандон ва беморони мо шуд ва аз талафоти сангине ки ба низоми тандурустӣ дар Қундуз расонд, амиқан таккон хӯрдем.” Ин созмон мегӯяд, бемористон дар натиҷаи “ҳамлаи ҳавоӣ” дар ҷараёни даргириҳои давомдор байни ҷангиёни Толибон ва нирӯҳои давлатии таҳти ҳимояти НАТО, ки талош доранд назорат бар Қундузро аз нав ба даст биоранд, тахриб шудааст. Паймони низомии НАТО гуфт, “нирӯҳои Амрико соати 2:15... алайҳи афроде ки ба ин нирӯҳо таҳдид мекарданд, ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод. Ин зарба метавонист ҳамзамон ба таъсисоти тиббии воқеъ дар он наздикӣ осеб бирасонад. Қазия мавриди таҳқиқ қарор дорад.” Ҷангиёни Толибон ҳавопаймо надоранд.

XS
SM
MD
LG