Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи ҳоли Аловиддин Абдуллоев


Аловиддин Абдуллоев, 15 маи соли 1965 дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Соли 1989 донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм кардааст. Аввалин устодаш Майрам Исоева, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон будааст, ки бо мусоидати ӯ кори ҳирфаии актериро дар саҳнаи театр замони донишҷӯӣ шурӯъ кардааст. Вале мегӯяд, ки аввалин нақши кӯтоҳашро дар як филме бозидааст, ки синамогарони рус дар водии Вахш бардоштаанд ва ӯ он замон хонандаи синфи дуюм будааст.

Соли 2004 директори театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммаҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа таъин шуд, баъди як муддат танаффус соли 2009 дубора ба ин вазифа баргашт. Соли 2013унвони ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро насиб шуд.

Бештар бо монолог ва ё саҳначаҳое машҳур шудааст, ки танҳо худаш дар нақши чанд қаҳрамони як асар зери унвони "Шухиҳои Аловиддин" тақдим мекунад.

XS
SM
MD
LG