Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қарордоди реадмиссия бо Душанбе


Русия ба нақша гирифтааст, ки бо ҳукумати Тоҷикистон қарордод дар бораи реадмиссияро имзо кунад. Қарордоди реадмиссия дар бораи фиристодани муҳоҷирон аз ҳисоби кишвари худи шаҳрвандонест, ки дар кишвари мизбон қонунҳоро риоят намекунанд.

Агар ин қарордод имзо шавад, дар он сурат муҳоҷирони қонуншикан аз ҳисоби Тоҷикистон аз Русия депорт мешаванд.

Бо дастури ҳукумати Русия пешнависи ин қарордод ва протоколи иҷрои он омода шудааст. Ҳамчунин ҳукумат ба Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дастур додааст, ки бо ҷониби Тоҷикистон дар ин бора музокира анҷом гирад.

Дастури ҳукумати Русия дар ин бора дар торнамои ҳукумати Русия ба таври расмӣ чоп шудааст.

XS
SM
MD
LG