Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

TeliaSonera фаъолияташро дар Евразия қатъ мекунад


Ширкати TeliaSonera тадриҷан фаъолияти худро дар Евразия қатъ ва бештар ба Аврупо рӯ меорад. Дар ин бора 17 сентябр ин ширкати Шветсия хабар додааст.

Ҳоло ин ширкат дар кишварҳои Шӯравии пешин дар Қазоқистону Узбакистон, Тоҷикистону Озарбойҷон ва Молдоваву Гурҷистон фаъолият дорад. Ин изҳорот ба Русия, ки TeliaSonera бо номиМегафон фаъолият мекунад, дахл нахоҳад дошт.

Йоҳан Деннелинд-мудири иҷроии TeliaSonera гуфт, корҳое ки дар давоми ду соли гузашта барои беҳбуди фаъолият дар минтақаи Евразия анҷом гирифт, дигарон метавонанд идома диҳанд.

TeliaSonera дар Озарбойҷон зери номиAzercell Telekom, дар Гурҷистон бо номи Geocell, дар Молдова бо номи Moldcell, дар Қазоқистон бо номи Кcell ва дар Тоҷикистон бо номи Tcell фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG