Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Facebook тугмаи нави "dislike" пайдо мешавад


Дар ояндаи иназдик дар шабакаи иҷтимоии Facebook тугмаи "dislike", яъне “писанд нест” пайдо хоҳад шуд. Марк Зуккерберг-раиси иҷроии ин шабака 15 сентябр гуфт, аз муддатҳо ба ин сӯ корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ аз вай хостаанд, ки дар баробари тугмаи "like" тугмаи "dislike"-ро низ гузоранд.

Зуккерберг эътироф кард, ки тугмаи "like" барои баъзе матолиб, аз қабили куштор ё ҳодисаи нохуш писанд нест ва масалан, пахши тугмаи "like" маънии писандидани кушторро ифода мекунад.

Аммо Зуккерберг, дар бораи ин ки имкони пахши тугмаи “писанд нест” барои баъзе матолиби дигар тавзеҳот надод. Вай гуфт, тугмаи нав рӯзҳои наздик озмуда мешавад.

Ҳоло Facebook дар саросари ҷаҳон тақрибан 1,5 миллиард аъзо дорад ва бузургтарин шабакаи иҷтимоӣ дар интернет ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG