Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовӣ дар нимаи аввали бозии Тоҷикистону Австралия


Қисми аввали бозии тими миллии Тоҷикистон ва Австралия дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 0-0 ба анҷом расид. Дар қисми аввал ҳарчанд тими милли Австралия тубро бештар дар даст дошт, аммо футболбозони тоҷик ҳам як дафъа имконияти хуби голзаниро аз даст доданд. Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Австралия рӯзи сешанбеи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 шурӯъ шуд. Доварони ин бозӣ аз Баҳрайн мебошанд. Довари ФИФА Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусейни 42-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Муҳаммад Ҷаъфар Муҳаммад Салмони 35-сола ва Наваф Шоҳин Халифа Мӯсои 36-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Абдулазиз Юсуф Абдулло вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Масъуд Муродӣ аз Эрон нозири доварон ва Ту Силианг из Чин комиссари ин бозӣ таъин шудаанд. Дар даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В”, ки 3 сентябр баргузор шуд, мунтахаби Австралия тими миллии Бангладешро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Урдуну Қирғизистон дар Уммон бо ҳисоби мусовии 0:0 поён ёфт. Мунтахаби Тоҷикистон аз бозии даври севум озод буд. Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “В” баъди натиҷагирии се даври мусобиқот мунтахаби Австралия бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Урдун ва Қирғизистон бо 4-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Тимҳои Тоҷикистону Бангладеш, ки якимтиёзӣ доранд, дар ҷойҳои чоруму панҷум қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG