Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду сокини Исфара барои 100 000 доллар тамаъҷӯӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду сокини шаҳри Исфара, бо шумули корманди маркази санҷиши минтақавии ин шаҳр, бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба маблағи бузург дастгир шудаанд. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ин ду нафар аз як сокини 36-солаи Исфара бо ваъдаи кумак “барои рад намудани парвандаи ҷиноятие, ки гӯё нисбати ӯ дар ҳудуди Федератсияи Русия оғоз карда шуда бошад”, 90 000 доллар гирифтаанд. Аммо вақте ки онҳо “ба ин қаноат накарда”, аз ин мард боз 10 000 доллари иловагӣ талаб кардаанд, ӯ ба мақомоти милиса муроҷиат кардааст. Ин ду гумонбар соати яки рӯзи 1 сентябр ҳангоми гирифтани ин 10 000 доллар дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG