Додситонии кулли Тоҷикистон дар торнамои расмии хеш бахши вежаи “интернет−қабулгоҳ”−ро роҳандозӣ кардааст. Ҳамакнун тариқи ин равзанаи вежаи торнамо корфатодагон имкон доранд арзу шикояти хешро ба унвонии роҳбарияти Додситонии кулли Тоҷикистон ирсол кунанд. Гулбаҳор Каримзода масъули дафтари матуботи Додситонии куллӣ Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 2−уми сентябр гуфт, сокинони кишвар метавонанд тариқи интернет−қабулгоҳ бо зикри ному насиби аслӣ, суроға ва рақами телефонашон арзу дархости худро ба унвонии Додситонии кул бирасонанд.
Вай гуфт, “дархосту аризаҳое, ки тариқи интернет–қабулгоҳ ба прокуратура ворид мешаванд, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ баробари дархости хаттӣ (дар коғаз дарҷшуда) эътироф карда мешаванд". Шаҳрвандон дар аксар маврид ҳангоми поймол шудани ҳуқуқашон ба уновнии Додситонии кулли Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди олии назоратӣ аз болои иҷроиши қонун дар кившар муроҷиат мекунанд. Аммо ба далели он ки рӯзҳои қабули шаҳрвандон дар Додситонии кулл танҳо як рӯз − шанбеи ҳар ҳафта муайян карда шудааст, на ҳамаи шаҳрвандон аз гӯшаву канори кишвар имкони бевосита омада арз кардани шикояту нигаронии хешро надоранд. Аз ин рӯ, ба таъкиди масъулони Додситонии кулл, раҳандозии қабулгоҳи интернетӣ маҳз ба хотири осон кардани қабули арзу шикоятҳои мардум ба кор андохта шудааст.